Санаи 13.03.2026 мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ҷамшед Маҷидзода дар рафти ҷаласаи назоратии назди директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53, ки бо иштироки коллективи омӯзгорони муассиса баргузор шуда буд, ширкат варзид.
Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳое, ки дар рӯзномаи ҷаласа пешбинӣ шуда буданд, аз ҷониби директори муассиса Алишер Ширинов бо коллективи омӯзгорон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Баъдан мудири шуъбаи маориф Ҷамшед Маҷидзода оид ба масъалаҳои муҳими таълиму тарбия, баланд бардоштани масъулияти омӯзгорон, беҳтар намудани сифати таҳсилот ва дигар масъалаҳои марбут ба раванди таълиму тарбия суханронӣ намуд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки ҷашни байналмилалии Наврӯз дар муассиса бояд сазовор ва дар сатҳи баланд баргузор карда шавад.
Инчунин зикр карда шуд, ки дар давраи таътили баҳорӣ роҳбарони синфҳо ба хонандагон супоришҳои муфид барои иҷро дар давраи таътил пешниҳод намоянд. Аз ҷумла, барои баланд бардоштани ҷаҳонбинӣ ва маърифати хонандагон хондани китобҳои бадеӣ ва дигар адабиёти тавсиявӣ ба онҳо пешниҳод карда шавад.
Суруди миллӣ



